Санаи 25 октябри cоли ҷорӣ дар Вилояти Хатлон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор намуд.

Санаи 25 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.