Вохурии роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол бо сармоягузорон аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Директори генералии ҶДММ «VeneerFeed» – Алёшкин Михаил Николаевич, Директори ҶДММ «Вектор СК – 2015» ва директори Фонди Ҷамъиятии «Акниет» – Давлятов Олим Раҳимҷонович ва Директори ҶДММ «Granum Trade» – Дурников Юрий.

     Дар санаи 14.10.2022 сол, роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ”  –  Мумин Илҳом  Камол  бо   сармоягузорон аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Директори генералии ҶДММ «VeneerFeed» (ВинерФид) – Алёшкин Михаил Николаевич, Директори  ҶДММ «Вектор СК – 2015» ва инчунин директори Фонди Ҷамъиятии «Акниет» – Давлятов Олим Раҳимҷонович ва Директори ҶДММ «Granum Trade» – Дурников Юрий дар шаҳри Душанбе вохури баргузор гардид.

      Дар вохури роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Низомнома  ва Қонун оиди минтақаи озоди  иқтисодӣ ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот доданд.

       Зимни вохури аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Қазоқистон, Директори генералии ҶДММ «VeneerFeed» (ВинерФид) – Алёшкин Михаил Николаевич, Директори  ҶДММ «Вектор СК – 2015» ва директори Фонди Ҷамъиятии «Акниет» – Давлятов Олим Раҳимҷонович ва Директори ҶДММ «Granum Trade» – Дурников Юрий, вобаста ба ҳадафҳои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, ташкили муносибатҳои корӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судман бо мақсади шиносои бо вазъи меъёрию ҳуқуқӣ ва имкониятҳои содиротӣ ва ташкили истеҳсолот дар бахшҳои гуногуни хоҷагии ҳалқ ҳамкориро ба роҳ мондан, ҳавасманди намуданд.

        Ҳамзамон,  Директори генералии ҶДММ «VeneerFeed» (ВинерФид) Алёшкин Михаил Николаевич ҳавасманди зоҳир намуда, иброз доштанд, ки дар МОИ “Панҷ” корхонаи истеҳсоли шпон (қабати бурида ё буридашуда, тахтаи тунуке, ки дар мебелҳо руйкаш карда мешавад), фанер ва панелҳо сохта ба истифода хоҳад дод. Барои тасдиқ намудани суханони дар боло зикрнамудаашон,  Директори генералии ҶДММ «VeneerFeed» (ВинерФид) Алёшкин Михаил Николаевич бо Роҳбари МОИ “Панҷ” – Мумин Илҳом Камол, Ёддошти тафоҳум барои ҳамкори ба имзо расонида шуд.

      Ва инчунин, Директори  ҶДММ «Вектор СК – 2015» ва Фонди Ҷамъиятии «Акниет» – Давлятов Олим Раҳимҷонович иброз намуданд, ки корхонаи банду басти гандум, коркади он ва гузоштани осиёб барои орд карданро дар МОИ “Панҷ” ба роҳ хоҳад монд.

     Сармоягузорони Ҷумҳурии Қазокистон ваъда доданд, ки то охири ҳамин моҳ бизнес нақшаҳои худро омода намуда, барои субъекти МОИ «Панҷ» шудан, пешниҳод менамоянд.