Иштироки роҳбарияти МОИ “Панҷ” дар ҷаласаи “Гурӯҳи кории байниидоравӣ” оиди ба масъалаҳои андозбандии субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Дар санаи 12.10.2022 сол, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди ба масъалаҳои андозбандии субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҶТ, ҷаласаи “Гурӯҳи кории байниидоравӣбаргузор гардид.

      Дар ҷаласаи баргузоргардида аз корхонаву идораҳо ва мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз ҷумла: аз Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Сардори Сарраёсат оиди рушди МОИ ҶТ ва дигар намояндагони ВРИСҶТ, Маликзода Нурулло муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Бобозода Б.Ғ. Сардори раёсати ҳуқуқи Кумитаи андози ҶТ ва дигар намояндагони мақомоти андозӣ ҶТ, Сардори Раёсати ташкили идоравии гумрукӣ Хадамоти гумруки назди Қукумати ҶТ ва дигар намояндагони аз Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати ҶТ, Раҷабзода Ш.М – Муовини Сардори Раёсати Прокуратураи генералии ҶТ ва дигар намояндагони Прокуратураи генералии ҶТ, Роҳбари МОИ “Панҷ” – Мумин И.К, муовин ва сармуҳосибаш, Роҳбари МОИ “Данғара” Ятимзода М, муовин ва сармуҳосибаш, Роҳбари МОИ “Кулоб” – Абдуллозода М бо муовинаш, Роҳбари МОИ “Суғд” Камолиддинзода И бо сармуҳосибаш, Сармутахассиси Сарраёсати андозҳо ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи ҶТ –  Абдулмаҷитзода У, Муовини Сардори раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ – Бодуршозода М. иштирок намуданд.

       Ҷаласаро муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ – Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, оиди бартараф намудани камбудиҳои андозии субъектҳои  МОИ ҶТ, ки аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ эрод гирифта, оғоз намуд.

      Ва суханро ба Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Маликзода Нурулло дода шуд. Дар вақти баромад Муовини Раиси Кумита оиди камбудиҳи андозие, ки аз тарафи  субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҶТ ба амал омадааст, суханрони намуданд.

       Оиди камбудиҳои андозие, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ эрод гирифтааст, роҳбари МОИ “Суғд” баромад намуда изҳор намуд, ки камбудиҳои эродгирифтаи Кумитаи андоз, сар вақт ҳалли худро ётаанд, ва бартараф карда шудааст. Дар он  эрод оиди молҳои воридкардашудаи субъектҳои МОИ “Суғд” дарҷ гардидааст, ки ба маблағи 15,0 млн, сомонӣ мол ворид намудааст, ва аз ин 2,0 млн. сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Дар он ҷо субъектҳои МОИ “Суғд” ба дохили ҷумҳурӣ моли истеҳсолнамудаашонро низ содирот намудаанд, ки дар эрод дарҷ нагардидааст.

       Оиди субъекти  МОИ “Данғара” ҶДММ “Шэнси”, роҳбари МОИ “Данғара” баромад намуда, иброз намуданд, ки субъекти минтақа ба ягон қонуншикани роҳ надодааст, ва дар доираи Қонунҳои Маъмурияти МОИ ва Қонунгузориҳои ҶТ фаъолияташро пеш бурда истодааст.

       Оиди субъекти МОИ “Панҷ” ҶДММ “Буроқ 2 ЛТД”, роҳбари МОИ “Панҷ” баромад намуда, иброз намуданд, ки субъекти минтақа ҳамчун ширкати тиҷорати ба қайд гирифта шудааст, ва айни замон ба бастубанди меваҷотҳо ва содирот намудани онҳо ба хориҷи кишвар,  машғул мебошад. Дар гумруки минтақа, андоз ва омори ноҳия ҳисобҳоро саривақт супорида истодааст, ва айни замон ба ягон қонуншикани роҳ надодааст.

         Роҳбари МОИ “Кулоб” ва муовинаш баромад намуда, таклифу пешниҳодҳо оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба таклифу пешниҳодҳо намуданд.

        Дар ҷаласа дигар намояндагони мақомоту идораҳои даъватшуда баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои онҳо шунида шуд.

       Дар охири ҷаласа муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ – Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, суханрони намуда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии ”Суғд”, “Данғара”, “Кулоб” ва “Панҷ” супориш дода шуд, ки оиди бартараф шудани камбудиҳои андозии субъектҳо ҳисобот ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба таври хатти пешниҳод карда шавад.