Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо Раиси Утоқи Тиҷоратии Қундузи Ҷумҳурии Афғонистон – оғои Гулмуҳамад ва сармоягузорон аз Ҷумҳурии Афғонистон.

Санаи 20.07.2022 сол ҷорӣ роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ”  –  Мумин Илҳом Камол ва муовини роҳбари Маъмурият Хомушов Икром бо Раиси Утоқи Тиҷоратии Қундузи Ҷумҳурии Афғонистон – оғои Гулмуҳамад ва Љалби  сармоягузорони Ҷумҳурии Афғонистон дар МОИ вохури баргузор гардид.

Дар вохури роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Низомнома  ва Қонун оиди минтақаи озоди  иқтисодӣ ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот доданд.

Зимни вохури аз ҷониби Раиси Утоқи Тиҷоратии Қундуз – оғои Гулмуҳамад ва сармоягузорони Ҷумҳурии Афғонистон вобаста ба ҳадафҳои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, ташкили муносибатҳои корӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судман бо мақсади шиносои бо вазъи меъёрию ҳуқуқӣ ва имкониятҳои содиротӣ ва ташкили истеҳсолот дар бахшҳои гуногуни хоҷагии ҳалқ ҳамкориро ба роҳ мондан, ҳавасманди намуданд.

Дар хотима ҳарду ҷониб омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд