ҶДММ “Технологияҳои Офтобӣ”

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, истифодаи васеи манбаҳои гуногуни тавлиди энергияи барқароршаванда дар соҳаҳои иқтисодиёт ва татбиқи “иқтисоди сабз”, субъекти МОИ “Панҷ” – ҶДММ  “Технологияҳои Офтобӣ” яке аз аввалинҳо шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи истеҳсол ва басту банди якчанд намуди дучархаҳои барқиро (мотоскутерҳо) ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон корхонаи мазкур, дар ҳамкори аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд ва ба истифода қарор дода шудааст.

Ҳаҷми сармоягузории он 800 ҳаз. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар масоҳати 1.0 га қитъаи замин сохта ба истифода дода шудааст.

Ширкат дар як моҳ  100 адад истеҳсол ва басту банди дучархаҳои барқиро (мотоскутерҳо) ба роҳ мондааст. Айни замон 8 нафар шаҳрвандони мо бо ҷои кор таъмин мебошанд.

Дар оянда ширкат тасмим гирифтааст, ки истеҳсол ва басту банди дучархаҳои барқиро (мотоскутерҳо) дар як моҳ ба 500 адад ва ҷои кориро ба 30 нафар расонад.