Иштироки Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дар форуми “INNOPROM” – 2022 дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Россия

Санаи 4 июли соли ҷорӣ Роҳбари МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол таҳти роҳбарии Муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим дар намоишгоҳи байналмилалии саноати “INNOPROM” , ки дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Россия оғоз гардид, иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур байни соҳибкорон аз давлатҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистан, Белоруссия ва соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон диаспораҳо  имконият фароҳам шуд, ки як қатор мулоқот ва вохуриҳо баргузор намоянд.

Зимни ин вохуриҳо доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ ба  МОИ “Панҷ” маълумотҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Дар раванди форуми мазкур байни Роҳбари МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол ва Роҳбари ширкати TOO “CП LUX SHOES”-и Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Инчунин ба иштирокчиён ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо имкониятҳо сармоягузорӣ ва инфраструктураи МОИ “Панҷ” даъват ба амал оварда шуд, ки аз ҷониби сармоягузорон хуб пазируфта шуд.

Чорабини дар фазои дустиву бародарии кишварҳо ва мустаҳакам намудани робитаҳои бисёрҷониба баргузор гардид.