Вохури бо соҳибкори ватанӣ Олимов Баҳром Музафарович, оиди ба роҳ мондани тиҷоратии телефонҳои мобилӣ ва ҷамъу васли қисмҳои эҳтиёти дар МОИ “Панҷ”.

       Дар санаҳои 10.05.2021, 12.08.2021, 13.12.2021 ва 11.01.2022 сол, ташрифи соҳибкори ватанӣ Олимов Баҳром Музафарович ба МОИ “Панҷ”. Соҳибкори ватанӣ дорандаи Иҷозатномаи  ширкати Самсунг мебошад.

      Дар вохурии моҳи январи соли равон соҳибкори ватанӣ Олимов Баҳром, оиди ба роҳ мондани тиҷорати телефонҳои мобилӣ ва баъдан интиқол додан ба хориҷа ва инчунин ба роҳ мондани ҷамъу васли қисмҳои эҳтиётии телефонҳои мобилиро дар минтақа изҳори ҳавасманди намуданд.

     Инчунин дарвақти суҳбат соҳибкори ватанӣ Олимов Баҳром огоҳ намуд, ки  ҳуҷҷатҳои лозимаро дар Бахши бақайдгирии андози ноҳия, барои ба қайд гирифтан супоридааст. Ва баъди ба қайд гирифтан дар  бахши бақайдгирии андози ноҳия,  ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани мақоми субъекти МОИ ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” пешниҳод менамояд. Бо соҳибкор дар алоқа мебошем.