Вохури бо сармоягузори ватанӣ Назриев Наврӯз, оиди сохта ба истифода додани маркази хизматрасонии молиявӣ барои додани қарзҳои дарозмӯҳлат ва бо фоизҳои кам дар МОИ “Панҷ”.

       Дар санаи 07.02.2022 сол ташрифи сармоягузори ватанӣ Назриев Наврӯз ба Маъмурияти МОИ “Панҷ”, сармоягузор аз минтақа дидан намуда  бо шароити кунунии  минтақа, корхонаҳои субъектҳо ва инчунин бо Низомнома ва Қонунҳои  вобаста  ба Минтақаҳои озоди иктисодӣ  шиносои пайдо намуд.

        Сармоягузори ватанӣ изҳор намуд, ки дар оянда сохта ва ба истифода додани маркази  хизматрасонии молиявӣ барои додани қарзҳои имтиёзноки дарозмӯҳлат ва бо фоизҳои кам барои субъектҳои  МОИ “Панҷ” дар назар гирифта шудааст.

        Айни замон омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани қарору иҷозатномаҳои лозима аз вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ корбари намуда истодааст.