Ташрифи соҳибкори ватанӣ ба минтақа оиди ба роҳ мондани корхонаи мурғпарварӣ дар ҳудуди МОИ “Панҷ”

    Дар санаи  27.03.2022 сол,  соҳибкори  ватанӣ, ки худро  Савридин  муаррифи  намуд ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” ташриф овард.  Дар ин вохури  сохибкори ватанӣ аз фаъолияти субъектҳои минтақа,  Қонун  ва  Низомномаи   МОИ “Панҷ”  шиносои пайдо намуда аз вазъи  кунунии  минтака маълумоти муфасал гирифт.

    Соҳибкори ватанӣ Савриддин оиди ташкил кардани корхонаи мурғпарварӣ дар ҳудуди минтақа пешниҳод намуд, ки аз тарафи намояндаи минтака дастгири  ёфт.  Соҳибкор изҳор намуд, ки як қисми  таҷҳизотҳо  барои   ин корхона   алакай  дар дохили ҷумҳурӣ буда,  дар моҳҳои оянда   кисми дигари  он аз хориҷа бояд  ворид  гардад. Дар охир соҳибкор  изҳор намуд, ки дар самти ташкили корхонаи мурғпарварӣ кушиш намуда аз натиҷааш ба мо маълумот  пешниход  менамояд.