Ташрифи намояндагони Ширкати ТОО «Экофрут»-и Ҷумҳурии Қазокистон ба МОИ “Панҷ” оиди ташкили корхонаи бастубанди сабзавоту мевагиҳои тару тоза ва хушкӣ ватанӣ барои содирот ба хориҷа.

      Рузи 16 апрели соли  2022 намояндагони  Ширкати ТОО «Экофрут»-и Ҷумҳурии Қазокистон ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” ташриф оварданд.       Намояндагони  ширкат   бо  вазъи   кунунии  МОИ «Панҷ»  шиносои пайдо намуда  дар оянда  бо дарёфти шарикони тиҷоратӣ дар ҷумҳурӣ, ё ин, ки  бо субъектхои  минтақа,  мақсади  ташкили  корхонаи  бастубанди  сабзавоту меваҷотҳои тару тоза  ва  хушкӣ ватанӣ барои содирот ба хориҷа нигаронида мешавад.

     Айни  замон  оиди ин масъала гуфтушунид бо  субъектҳои минтақа ҶДММ «ТТ-Пластик» ва ҶДММ “Буроқ – 2ЛТД”  идома дорад.  Аз натиҷаи  ин гуфтушунидҳо дар муҳлатҳои наздиктарин ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” маълумот пешниҳод  мешавад.