Ташрифи намояндагони Фонди Оғохон оиди барномаҳои рушди иқтисод дар минтақаҳои осиёи марказӣ, барои ташкил намудани гармхона дар МОИ “Панҷ”

    Дар   аввали мохи апрели  соли  чори   дар  Минтака  вохурии навбати  бо намояндагони Лоихахои  инвестиционии IPS (Фонди Огохон оиди барномахои рушди иктисод)  баргузор гардид. Дар вохурихои  пешин  оиди  ба рох андохтани корхонаи  коркарди  меваҷотҳои ситрусӣ  ва  сабзавоти истеҳсоли маҳалӣ, ташкил кардани  гармхонаҳои замонавӣ  ва сохта  ба истифода додани   сардхона барои  нигаҳдории  ҳама гуна  намуди сабзавоту  меваҷот   муроҷиат намуда  буданд, ки айни замон  лоиҳаи он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

    Дар ин вохури  намояндаи  ин  фонд  доир  ба боду-ҳавои минтақа  дар  даҳ соли охир  ва  таркиби агрокимиёвӣ ва агрофизикии хоки  минтақа  маълумоти  дақиқ  дастрас намуданд, ки  барои   мувофиқ намудани  таҷҳизотҳо ва дуруст ба роҳ мондани корҳои  агротехникӣ зарур мебошад. Дар анҷоми вохури  намояндаи  ин фонд изҳор дошт, ки баъди  ба итмом расидани лоиҳа  ва дастгири  ёфтани  он  аз тарафи  Фонд бо Маъмурияти  МОИ  хамкориро  идома дода   ба  татбиқи  ин лоиҳа шуруъ менамоянд. (рузи 14.05.2022 дар сухбати телефони  намояндаи  ин Фонд  изҳор дошт, ки  рӯзҳои наздик оиди ин лоиҳа  маълумоти  дақиқ  пешниҳод  менамояд).