Иштироки Роҳбарияти МОИ “Панҷ” дар бизнес форуми “Бохтар Фуд 2022”, дар вилояти Хатлон, ки аз ҷониби Агентии рушди Содироти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

       Дар санаи 25 майи соли 2022 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз ҷониби Агентии рушди Содироти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди муарифии молу махсулоти  хоҷагиҳои кишоварзии  вилояти  Хатлон бизнес форуми “Бохтар Фуд  2022” баргузор гардид.  Дар чорабинии мазкур соҳибкорон,  сармоягузорон ва намоядагони тиҷоратии давлатҳои  дуру наздик даъват шуда, иштирок намуданд,  аз ҷумла:  намояндагон аз ИМА, Ҷумҳуриҳои Қазокистон, Узбекистон, Украина, Аморати Араб,  Дубай,  Туркия, Эрон, Афгонистон, Чин, Россия, Белоруссия ва ғайра.

         Дар бизнес форум Роҳбарияти  Маъмурияти МОИ “Панҷ” иштирок  намуда, оиди имтиёзҳои гумрукӣ, андозбандӣ, бақайдгирии соддагардонидашуда дар равзанаи ягона ва инчунин дигар имтиёзҳое, ки дар Қонун ва Низомномаи Минтакаи озоди иктисодии  «Панҷ» барои тиҷорат пешбини шудааст, муарhифи намуданд.

      Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Роҳбарияти МОИ “Панҷ” бо як қатор сармоягузорон аз ҷумҳуриҳои Россия, Қазоқистон, Дубай, Эрон, Украина ва Белоруссия гуфтушунидҳо баргузор гардид. Дар вақти муаррифии МОИ “Панҷ”   намояндаи  Ширкати ТОО «Экофрукт»-и ҷумҳурии  Қазоқистон – Молдагали Берик  таваҷҷӯҳи  хоса зохир намуда  изҳор намуд, ки бо Маъмурияти МОИ «Панҷ»  ҳамкориро  ба роҳ  хоҳад монд ва бо субъектхои  минтака  оиди бастани  шартнома, дархости  шифои намуда қайд кард, ки рузи 26.05.2022 сол, дар меҳмонхонаи Хилтони  ш. Душанбе  барои  бастани  шартномаи ҳамкори   интизор мебошад. 

        Соҳибкор аз шаҳри Дубай,  намояндаи  ширкати Real Svart  Саид Хорун, хоҳиши дар ояндаи наздик дар МОИ  корхонаи  истеҳсоли  арматура ва дигар  фулузоти   сохтмониро  бо  иқтидори  калон, ки  талаботаш  ба неруи  барқ 10МВт  мебошад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Дар вақти доду гирифти рақамҳои телефонҳо (визиткаҳо) соҳибкор Саид Ҳорун изҳор кард, ки  дар рузҳои наздик  оиди ин масъала  дар тамос мешавад.  

        Намояндаи дигар, ки  бо мо ҳамсуҳбат шуд, сохибкори  ватанӣ буда,  изҳор намуд, ки  рӯзҳои  наздик  аз минтака дидан намуда, оиди  ба роҳ мондани  корхонаи  истеҳсоли  нуриҳои  биологӣ, ки  иқлими гарми минтака бисёр мувофиқ мебошад, бизнес накша  пешниход менамояд. Як чанд намояндаи  дигар  давлатҳо ва соҳибкорони  ватанӣ  бо дастрас намудани буклетҳо оиди минтака  маълумот пайдо намуданд.