Иштироки роҳбарияти МОИ “Панҷ” дар бизнес форум ва вохуриҳои дуҷониба (В2В), миёни сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар меҳмонхонаи “ХИЛТОН” баргузор гардид.

        Дар санаи 26.05.2022 сол дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Хилтон” бизнес форум ва вохуриҳои дуҷониба (В2В), миёни сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, баргузор гардид.

      Дар бизнес Форум ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон зиёда аз 18 ширкату корхонаҳои миёна ва бонуфузро дар бар гирифта бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузори кишварамон ва пайдо намудани шарикони худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

      Дар бизнес Форум Роҳбарияти Маъмурияти МОИ бо якчанд роҳбарони субъектҳо МОИ “Панҷ” иштироки   бевосита  намуданд. Дар вақти вохуриҳои дучониба (В2В), миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон аз имкониятҳои МОИ “Панҷ” ахборот дода шуд. Дар натиҷа роҳбари ҶДММ “ТТ Пластик” Хуш Мухамад Лоло ва намояндаи  ширкати Ҷумҳурии Казокистон ТОО «Экофрукт» Молдагали Берик   шартномаи хамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки дар оянда барои интиқол додани молу маҳсулоти хоҷагии қишлок ба Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути субъекти МОИ “Панҷ” ба роҳ монда мешавад.

    Ва инчунин, дар вақти вохуриҳо сармоягузорон аз Ҷумҳурии Қазоқистон  ҳавасманди зоҳир намуданд, ки аз  МОИ “Панҷ” сафареро ба анҷом медиҳанд.

       Ва инчунин аз ҷониби Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ”  ва Роҳбарони Субъектҳои МОИ “Панҷ” бо намояндагони якчанд ширкатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон  вохуриҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла: бо намояндагони  ширкати   ТОО «PET»;

Бо намояндагони ширкати ТОО «PASTA&NOODLES»;

 Бо намояндагони ширкатҳои ТОО «IBT GROUP» ва ТОО «ALTAI MAI»

 

      Дар вохуриҳо мехмонон, маълумоти мухтасар оиди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»  пайдо карда  изҳор  намуданд, ки   оиди  ҳамкори  ва  ё  ба роҳ мондани  истеҳсолот  дар  МОИ “Панҷ” дар  ояндаи надик маълумот  медиҳанд.