Баргузории ҷаласаи Шурои нозирон оиб ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо иштироки Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тољикистон – Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтаќањои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталї Саид.

       Дар санаи 15.04.2022 сол бо иштироки Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар Маъмурият минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” Шӯрои нозирон навбати баргузор гардид.

       Дар ҷаласаи Шӯрои нозирон ҳисоботҳои Роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд”, “Данғара”, “Ишқошим”, “Панҷ” ва “Кулоб” шунида шуд. Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳисоботҳои Роҳбарони МОИ бо диққат гуш намуда,  фаъолияти Минтақаҳоро дар соли 2021 бо баҳогузори, миёна арзёби намуд.

       Ба роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисодӣ супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ бо Сафоратхонаҳои муқимии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, Вазорати идораҳои дахлдори ҶТ, Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва дигар ташкилотҳои байнахалқӣ  ҳамкориҳоро хубтару нағзтар ба роҳ монда, тамоми кушишу малакаи худро барои ҷалби намудани соҳибкорони хориҷию ватанӣ ба роҳ монанд.       

        Ва инчунин супориш дода шуд, ки корхонаҳое, ки аз фаъолият боз мондаанд, дар муҳлатҳои куҳтотарин барои ба кор андохтани онҳо чораҳои зарури андешида шавад. Барои таъмин намудани шахрвандони ватани бо ҷои кори доими ҷораҳои зарури андешида шавад. Барои бештар намудани молу маҳсулотҳои содиротии минтақаҳо кушишу малакаи худро беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

       Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтаќањои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ супоришҳои қатъи дода шуд.