Ташрифи сармоягузорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оиди сохта ба истифода додани сехҳои ҷамъу васли Панелҳои офтоби, автомашинаҳои барқӣ ва якчанд намуди дучархаҳои барқӣ дар МОИ “Панҷ”.

Дар санаи 08.12.2021 сол ташрифи сармоягузорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Сю Дун, Ю Фэн, Ю Тао ва намояндаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Сулаймон  ба Маъмурияти МОИ ташриф оварданд.    

Мехмонон  аз худуди минтака дидан намуда  бо шароити кунунии  минтака ва субъектҳо ва бо низомномаи МОИ ва Қонунхои  вобаста  ба Минтакаи озоди иктисодӣ  ва дигар санадхои меъёриву хукуки шиносои  пайдо намуданд. 

Дар рафти гуфтушунид мехмонон иброз намуданд, ки дар Маъмурияти МОИ сехҳои  истењсолиро ба роҳ мемонанд, аз ҷумла: сехҳои ҷамъу васли  панелҳои офтобӣ, нақлёти сабукравӣ электрикӣ, моторелҳои электрикӣ,  самакатҳои электрикӣ, велосипедҳои электрикӣ, скутерҳои электрикӣ, аккумуляторҳо ва истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмониро ба роҳ мемонанд.

Сармоягузорон алакай дар Бахши Бақайдгирии андози ноҳияи Ҷайҳун, ҳамчун ҶДММ “Технологияҳои Офтоби” худро ба қайд гирифтаанд, Бизнес – нақшаи пешниҳод намудаи ширкат аз тарафи комиссияи қабули МОИ барраси шудааст.

Ва санаи 27.12.2021 сол аз тарафи Роҳбари Маъмурият ба ҶДММ “Технологияҳои Офтоби” Тасдиқномаи МОИ “Панҷ” супорида шуд ва ҳамчун субъекти МОИ “Панҷ” дар руйхати субъектҳои МОИ ворид карда шуд.