Алоқа тариқи видеочат оиди бастани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз ҷониби Минтақаи озмоиши ҳамкориҳои минтақавии тиҷоратию иқтисодии Чину Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо МОИ “Панҷ”.

Дар санаи 30.06.2021 сол алоқа тариқи видеочат бо дастгирии намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Муҳаммад Эгамзод оиди бастани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз ҷониби Минтақаи озмоиши ҳамкориҳои минтақавии тиҷоратию иқтисодии Чину Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” баста шуд.

Дар оянда Минтақаи озмоиши ҳамкориҳои минтақавии тиҷоратию иқтисодии Чини Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” барои корҳои сохтмонии инфрасохтор, менеҷмент, тиҷорати байналмиллалӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, савдои мол, аутсорсинги хизматрасонӣ ва ҷалби сармоя ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ хоҳем монд.